Oмадам


Бори дигар омадам

Бо зулоли тозаву тар омадам

Омадам чун ташнае бар кучабоги Шеьри ноб

Ишкро бар сина рахбар омадам

Мехрпарвар омадам

Advertisements

Осмон моли ман аст


Осмон моли ман аст

Хар кучое ки равам худ ватан аст

Чи тафовут ки ман аз ахли кучо омадаам!?

Магар ин огахи аз хештан аст?

Ин чи харфу сухан аст?

Хандахо хобида


Хандахо хобидаанд

Шодихоро гуссахо  дуздидаанд

Рузгоре мешавад мурги тараб бедона аст

Дона аз анбори дилхо чидаанд

Риштахо бибридаанд

http://zolalha.blogfa.com/ 

Бахор


Навбахор омадааст

Ба назар  орази ёр омадааст

Домани дашту даманро чи хаёхуст ба по!

Хама чо савти хазор омадааст

Гами ёр омадааст

http://zolalha.blogfa.com/

 

Мо дигар бегонаем


Ёри мо ранчур шуд

Ру ба суе карду аз мо дур шуд

Дар миёни нокасон моро ба холи худ гузошт

Хонаи хар ду назар бенур шуд

Дидаи дил кур шуд…

 

Мо дигар бегонаем

Сокини як шахраки вайронаем

Фойли ишкатро даруни хотирам кардам дилит

Сад дарего котили паймонаем

Хам чудо аз хонаем

http://zolalha.blogfa.com/

 

Мурге


Мурге ба дом шуд

Ин лахза зиндаги бар у тамом шуд

Сайёдро кучо парво аз ин нафас к-ин мург мекашад

Бечора мургаке хамрохи чом шуд

В-он гах ба ком шуд

http://zolalha.blogfa.com/

Пирузи


Руз  чун бегох шуд

Лахзае ин куча махшаргох шуд

Дар набарди ахриман чун дасти пирузи фишурд

Побарахна чониби даргох шуд

Окибат у шох шуд

http://zolalha.blogfa.com/

 

Матруд (зулоли пайвастаи кофиядор)


Пой берун нех, биё

Аз дили торикиву кунчи риё

Бо чароги худшиноси пардаи зулмат бисуз

То шави аз хабси танхои рахо

Аз тааллукхо чудо

 

Хешро гум кардаи

Хурда дар чашмони мардум кардаи

Оташе дар сина месузонадат хар лахзае

Дар лаби дарё таяммум кардаи

Пушт бар хум кардаи

 

http://zolalha.blogfa.com/

Махшари чонсуз (зулоли арузии кофиядор)


Осмон чома дарид

Малак афсускунон нола кашид

Гуфт: “Бар сурати модар чи касе сили зад?!

Чашми таърих чунин кор надид

Бояд ин даст бурид”

http://zolalha.blogfa.com/

 

Чаро гурур мекуни


Чаро гурур мекуни
Чу аз канори ман убур мекуни
Биёву доги кинаро зи синахо рахо кунем
Ту хар замон чаро фучур мекуни
Ва худ ба гур мекуни

Бубин чи дилшикастаи!
Зи гиру дори зиндагони хастаи
Кунун зи шохахои дил парида мурги эьтимод
Ва худ дари умедро бубастаи
Чудо зи хам нишастаи

http://zolalha.blogfa.com/

Гумгашта


Ман вафодори туям

Бо хама бегонаги ёри туям

Дилбаро хеч бидони ки чи хол аст маро ин соат

Назди ман о, ки гирифтори туям

Яьне бемори туям

 

Ман туро ёд кунам

Бе ту хар сония фарёд кунам

Эй ки дар гояти бечораги дур аз мани ту

Пас чи сон бе ту дилам шод кунам

Ох аз ин дод кунам

 

Хешро гум кардаи

Дур аз чашмони мардум кардаи

Оташе дар сина месузонатат хар лахзае

Хешро монанди каждум кардаи

Ишк махрум кардаи

http://zolalha.blogfa.com/

Бевафои мекуни


Рафтаам аз ёдхо

Мекунад дар сина дил фарёдхо

Кас намегирад сурогамро дар ин вайронсаро

Меравам пас чониби ин бодхо

Аз паи имдодхо

 

Охар эй зебонигор

То ба кай ин дидаам дар интизор

Хира мемонад ба рохат, хар замон бо ёди ту

Мешавад дар сина ин дил бекарор

Аз чафои бешумор

 

Бевафои мекуни

Хар замон беэьтинои мекуни

Хастаам, бишкастаам, манро бимон ай бевафо

Аз чи хар дам худнамои мекуни?

Дилрабои мекуни

http://zolalha.blogfa.com/

Зулоли пайваста


Аз кучо омад чахон?

Аз кучо тавлид шуд ин ахтарон?

Чашму акли одами хар лахза мехохад чавоб

Аз кучову аз чи шуд ин сохтмон?

В-аз кучо ин Кахкашон?

………………………………………….

Тоири андешахо

Мекунад парвоз суи решахо

Дар суроги хонаи хуршед мегардад хаме

Гох худро мезанад бар шишахо

Гох бар хампешахо

……………………………………..

Эй худои ломакон

Чон ба суи худ бихон

То ба кай дур аз ватан дар гурбатам бигзори ту

Рохи васлат дех нишон

Хастаам аз ин чахон

—————————————————-

Парда чун шуд барканор

Рози пинхoнгашта гардад ошкор

Рафтахо аз кабрхо дар пайкари бехису чон

Дар шитоб оянду гарданд рахсипор

Чониби Парвардигор

—————————————————

То ба кай мову мани

То ба кай лофу салафхо бизани

Эй ки савдозадаи куи харобот шуди

То ба кай тард аз ин анчумани

Ту магар беватани.

http://zolalha.blogfa.com/

Дигар магу биё биё


Дигар ба хонаам маё

Ту ай ки ишки ман намуди зери по

Кунун рахо намудамат туро зи олами хаёл

Дигар ба лахни чодуят зи нав маро ба суи худ мазан садо

Бирав ки мурги калби ман зи хонаат рамида аст

Ту ай,ки гаштаи зи байни мо чудо

Дигар магу биё биё

http://zolalha.blogfa.com/

Мусофир


Эй сафаркарда биё

Бо дили шоду ба лаб ханда биё

Рузгорест, ки дил дар талаби омади туст

Болу коло хама тобанда биё

Суи ин банда биё

http://zolalha.blogfa.com/

Рузи нав


Рузи нав бедор шуд

Зулмати шаб махви дасти нор шуд

Олами хобидаро анвори хуршеди чахон

Сила карду рахсипори кор шуд

Толиби он ёр шуд

http://zolalha.blogfa.com/

Дидагирёнам ман


Сахт хайронам ман

Ох аз ин зиндаги нолонам ман

Ё раб ин руз чи рузест, ки бар мо доди

Ту намебини парешонам ман?

Дидагирёнам ман

http://zolalha.blogfa.com/

Хамроз мехохам


Ман аз ту ноз мехохам

Дари дил аз мухаббат боз мехохам

Ба чои об бар рохам марезон хоку хокистар

Ки шури олами парвоз мехохам

Чу худ хамроз мехохам

http://zolalha.blogfa.com/

Oдат кардаи


Ту киёмат кардаи
Аз барои худ хиёнат кардаи
Хештанро бурдаи то рахгузори анчуман
Бо бадихоят рафохат кардаи
Яъне одат кардаи

http://zolalha.blogfa.com/

Насли ман



Насли ман, бедор шав
Мастихо як су куну хушёр шав
Солхо дар хоби гафлат зиндаги карди бас аст,
Чашм во кун, сарбадори дар рахи эхёи нангу ор шав
Дар чахоне, ки башар хасми башар дар хар кучо
Бо силохи фикри худ дар кор шав
Равзане дар тор шав

http://zolalha.blogfa.com/

Занн


Гох боло мерави

Гох то аъмоки дарё мерави

Гох бар тан мекуни пирохани занну гумон

Гох суи Хак таоло мерави

Гох бечо мерави

http://zolalha.blogfa.com/

Худо


Ба номи ишкофарин

Кирдигори осмонхову замин

Он хуваллоху ахад парвардигори лам ялид

Холики африштаву инсону чин

Молики чархи барин

http://zolalha.blogfa.com/

Бигу


Ман кистам, бигу!

Инсонаму малак? Харчистам , бигу!

Ман омадам, ки боз равонам ба суи ту,

Хастам агар туи, пас нестам, бигу!

Ё истам,? бигу!

http://zolalha.blogfa.com/

Бодапараст


Ман бодапарастам

Аз бодаи ишки ёр мастам

То ишк бувад маншаи хам буду набудам

Ман согари дигар бишикастам

Аз ишк шудастам

http://zolalha.blogfa.com/

Шаб


Шаб, шаби махтобӣ  аст

Дидахоро навбати бехобӣ  аст.

Дил ба уммеди висоли субх, имшаб боз хам

Рохӣ  бар манзилгахи мехробӣ  аст,

Шаб, шаби рахёби аст

http://zolalha.blogfa.com/

Биё


Эй чони ман, биё

Эй нур ба шабистони ман,  биё

Байтулхазони калби маро офтоби кун

Бахри дили гамин ту чу дармони ман , биё

То сар занад шукуфаи уммедхои  ман

Эй гул ба гулистони ман, биё

Борони ман, биё

http://zolalha.blogfa.com/

Танхои


Дар шаби танхоихо

Мезанад дил даст бар савдоихо

Мефишорад халка бар дархои махтобу нучум

Мебарад маьруза аз беёдихо

Шиква аз яктоихо

http://zolalha.blogfa.com/

Бигзарад


Имруз бигзарад

Гах шоду гах алам, бо суз бигзарад

Бо бешу бо камиву дусад розу хам ниёз

Бо авчу мавчхову суьуду сукути худ чу дируз бигзарад

Хар гул,ки бишкуфад рузе шавад хазон

Ояд бахору лек Навруз бигзарад

Харруз бигзарад

http://zolalha.blogfa.com/

Чавони


Чавони омада

Бахори зиндагони омада

Барои насли ман сахифае дигар-

Замони шодмони омада

Комрони омада

http://zolalha.blogfa.com/

Мастон , биё


Чонон , биё,

Эй мехрубон, биё

Бар хилвати ин хонаам

Як лахзае ту чу мехмон, биё

Дар чохи бекаси ту рахоям макун

Нуре шаву ба чониби ин хонадон, биё

Ман як мусофирам дар шахри ишки ту

Бархезу суи ман давон, биё

Боз о, ки интизорам,

Бар ин остон,биё

Мастон,биё

http://zolalha.blogfa.com/

Зулоли интизор


Дар дил андухи нигор
Мебарад хар дам зи мо сабру карор
Гарчи ёри бевафо ёде зи мо нокарда рафт
Бо умеди дидани он гулузор
Мондаам чашминтизор

http://zolalha.blogfa.com/

Гиряхои бесадо


Абр, эй абри само

Аз чи ру меноли ту хамчун сабо

Рав ба боми дигареву ашки худ инчо марез

Aз кучо дони ту холи калби мо

Гиряхои бесадо

zolalha.blogfa.com

« Older entries